Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Директори идории Хазинаи Байналмилалии Асъор Кристалина Георгиева мулоқот намуданд

Май 16, 2024 17:12

ДУШАНБЕ, 16.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Директори идории Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Кристалина Георгиева мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ кумаку дастгириҳои Хазинаро дар амалисозии барномаҳои мухталиф доир ба татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, нигоҳдории суботи макроиқтисодӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардуми мамлакат, бахусус дар давраи пандемияи коронавирус муҳим арзёбӣ намуданд.

Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи ҳамкориро бо Хазинаи Байналмилалии Асъор барои амалисозии минбаъдаи ислоҳоти иқтисодӣ ва тарақиёти бомароми мамлакат зарур мешуморад.

Мусоидат ба таъмини суботи молиявӣ, таҳкими низоми бонкӣ, дастгирии лоиҳаҳое, ки ба ташаккули иқтисоди “сабз”, густариши рақамикунонӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва обу иқлим равона шудаанд, аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда номида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Май 16, 2024 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад