Раванди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 май дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раванди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Донгсок, Президенти Ҷамъияти дӯстии Корея бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Ли Ок-Рён, профессори Институти боғдории байналмилалӣ Со Мёнг Ҳунх, мудири ширкати Шарикони ҷаҳонии Корея Ҳён Ҳе Ён ва дигар намояндагони Корея масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самти рушди муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат ва кишоварзӣ, маориф, ҷалби соҳибкорони кореягӣ ба иқтисоди вилоят, таҳкими муносибатҳои дӯстона байни минтақаву вилоятҳои ду давлат, сайёҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар мавзуъҳоро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маркази омӯзиши забони кореягӣ ифтитоҳ мегардад. Марказ барои омода намудани мутахассисон ва минбаъд фаъолият намудани онҳо дар корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Корея мусоидат менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






