Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок намуданд

Май 28, 2024 16:40

ДУШАНБЕ, 28.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ, намояндагони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро ба муносибати санаи таърихӣ ва Рӯзи сарҳадбонон табрику таҳният гуфтанд.

“Мехоҳам бо ифтихору сарфарозӣ иброз намоям, ки дар тӯли сӣ соли сипаришуда марзбонони мо қарзи фарзандии худро дар ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватан-Модар ва давлати соҳибихтиёри тоҷикон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва бо шуҷоату далерӣ иҷро намуда, ин рисолати хешро ҷавонмардона идома дода истодаанд” — изҳор доштанд Сарвари давлат.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корнамоию ҷоннисории фарзандони шуҷоъи тоҷик, мисли Муқаннаъ, Шерак, Спитамен, Деваштич, Темурмалик, Восеъ ва даҳҳову садҳо нафари дигар, ки дар тӯли давраҳои гуногуни таърихи тоҷикон барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ муборизаву ҷоннисорӣ кардаанд, ёдовар шуданд.

Ба андешаи Президенти кишвар, ҳимояи Ватан ва марзу буми он аз азал дар тору пуди миллати сарбаланди мо сиришта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даврони ниҳоят ҳассосу мураккаби таърихи навини кишвар андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки Қӯшунҳои сарҳадии мо аз аввали рӯзҳои таъсисёбӣ то имрӯз ҳамчун сохтори муназзаму муҷаҳҳаз дар хатти пеши муқовимату мубориза бар зидди қочоқи силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва вайронкунандагони низоми сарҳади давлатӣ қарор доранд.

Таъкид гардид, ки бо дарки аҳаммияти махсуси неруҳои сарҳадбон Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз оғози таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ доир ба фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими асосҳои моддиву техникӣ, бунёду навсозӣ ва таҷҳизонидани инфрасохтори сарҳадӣ ва омодасозии мутахассисони касбӣ тадбирҳои зиёде амалӣ намуд.

Имрӯзҳо барои марзбонон тамоми шароити мусоиди пеш бурдани хизмат, машқу таҳсил, зиндагӣ, истироҳат ва варзиш муҳайё мебошад. Дар ин самт саҳми соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ ҳам бисёр арзишманд арзёбӣ карда шуд.

Таъмини Қӯшунҳои сарҳадӣ бо техникаи ҳарбӣ низ сол ба сол беҳтар ва маблағгузорӣ ба ин мақсад мунтазам зиёд мешавад.

Давлат ва Ҳукумати кишвар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиро барои ҷасорату ҷоннисориҳояшон ҳамеша бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои низомӣ сарфароз мегардонанд.

Бо назардошти авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳон Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмат, омода кардани кадрҳои ҷавон ва таъмини ҷузъу томҳо бо техникаву таҷҳизоти махсус мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ вазифадор карда шуданд, ки корро дар самти мукаммал гардонидани ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо кадрҳои баландихтисос боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар вазъияти печидаи ҷаҳони имрӯза масъулияти ҳамаи сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хусусан, марзбонон даҳчанд меафзояд. Онҳо бояд беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошанд ва омодагии худро ҳамеша дар сатҳи баланд нигоҳ доранд.

Дар фароварди суханронӣ Президенти кишвар бо эътимоди комил иброз доштанд, ки хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ садоқати худро ба Ватан-Модар бо хизмати шоиста, такмили пайвастаи донишу малакаи касбӣ, маданияти баланди шаҳрвандӣ, ҷаҳонбинии солим, зиракиву ҳушёрӣ, ҷасорату далерӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз ҳама боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат собит менамоянд.

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи рангини консертии устодони санъати тоҷик, ки таҷассумгари дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад, идома ёфт.

Май 28, 2024 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Ба зарардидагони заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод кумакҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фиристода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбӣ дар водии Рашт супориш доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ Анна Бйерде ва Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Антонелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум иштирок намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи заргарии ҶДММ Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои маъмурии шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии маркази шаҳрии «Ёрии таъҷилии тиббӣ»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Гардӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон