Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Индонезия дар Форуми 10-уми ҷаҳонии об суханронӣ намуд

Май 20, 2024 10:06

ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 май ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар 10-умин Форуми ҷаҳонии об  дар шаҳри Балии Ҷумҳурии Индонезия баргузор мешавад, иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи ифтитоҳии форум Сарвазири мамлакат бо ишора ба тамоми ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бахши об ва ҳифзи муҳити зисту пиряхҳо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе 10-13 июни соли 2024 Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мешавад.

Ҳамзамон Сарвазири мамлакат аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми иштирокдорони форумро, ки аз зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон мебошанд, барои иштирок дар  Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» даъват намуд.

Ҳамчунин дар доираи форум мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Индонезия Ҷоко Видодо дар назар аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 20, 2024 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард