Шурои роҳбарони агентиҳои иттилоотии ИДМ барои мусоидат ба инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе қарор қабул намуд

Май 15, 2024 16:41

ДУШАНБЕ, 15.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, 3 майи соли 2024 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи ХХХI Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба инъикоси тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои энергияи «сабз» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар кори нишаст ҳамзамон масъалаҳо оид ба ҳамкории воситаҳои ахбори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳалли мушкилоти амнияти ҷаҳонӣ, рушд додани ҳамкорӣ ва механизмҳои муштарак дар самти мубориза бо иттилооти бардурӯғ ва чорабиниҳои асосии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2024 баррасӣ гардид.

Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода зимни суханронӣ дар мавзуи «Ҳамкории Воситаҳои ахбори оммаи ИДМ дар ҳалли мушкилоти амнияти ҷаҳонӣ» изҳор намуд, ки дар асри 21, ки онро «асри иттилоот» меноманд, имрӯзҳо бо рушди фаъоли технологияҳои иттилоотӣ таъсири иттилоот ба шуури ҷомеа низ зиёд гардида, ин раванд минбаъд низ идома меёбад.

«Аз ин рӯ, воситаҳои ахбори омма бояд моҳияти рӯйдодҳоеро, ки аҳамияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва байналмилалӣ доранд, ба ҷомеа ба таври воқеӣ расонанд ва дар сатҳи баланди касбӣ дар ташаккул додани афкори мусбату дурусти ҷомеа саҳм гузоранд».

Зимнан Субҳиддин Шамсиддинзода нақши ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир оид ба тағйирёбии иқлим, истифодаи захираҳои обӣ таъкид намуда, ба иштирокчиён барои дастгирии ташаббусҳои Тоҷикистон якчанд иқдом пешниҳод намуд. «Пеш аз ҳама, инро тавассути гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ ва паҳн намудани маълумот оид ба аҳамияти истифодаи устувори об ва ҳифзи пиряхҳо, муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва ифротгароӣ амалӣ кардан мумкин аст. Хуб мешуд, ки ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, ки аҳамияти ҷаҳонӣ доранд, дар сомонаҳои агентиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бештар ва ба таври васею назаррас тарғиб шаванд».

Шурои роҳбарони агентиҳои иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо натиҷагирӣ аз суханронии Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода барои тақвияти дастгирии иттилоотӣ дар мубориза бо хатари хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, мушкилоти глобалии марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо; инчунин мусоидат ба инъикоси Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об, ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, қарор қабул намуд.

Хотиррасон мешавем, ки ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тирамоҳи имсол дар шаҳри Москва баргузор мегардад.

Май 15, 2024 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд