СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вохӯрӣ баргузор гардид

Май 23, 2024 18:33

ДУШАНБЕ, 23.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 май тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ҳайати гурӯҳи кории вазорат бо сокинону фаъолони ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон вохӯрӣ доир намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат.

Гуфта шуд, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ давоми мантиқии сиёсати ҳуқуқие мебошад, ки онро Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ татбиқ менамояд. Зеро ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷомеае мебошад, ки дар он қонуни ҳуқуқӣ ҳукмрон буда, устувории озодии шахс, ҳуқуқ, шаъну шараф, қадру қимати он, инчунин ҷавобгарии тарафайни шахс ва давлат амал менамояд.

 Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дигар ҷомеа бо он фарқ менамояд, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои табиии инсон эътироф гардида, механизми самараноки ҳимояи чунин ҳуқуқу озодиҳо муқаррар карда мешавад. Бинобар ин, сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имконияти баробар, аз ҷумла имконияти ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки он барои расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки ин гуна суҳбату вохӯриҳо дар ҳудуди ноҳияҳо, аз ҷумла ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуданд.

Дар вохӯриҳо гуфта шуд, ки барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд. Ҳамчунин қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоянд.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 23, 2024 18:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд