«СОЗАНДАГОНИ ВАТАН». Дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид

Май 23, 2024 19:21

ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон- аъзои  Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши неруи созандаи миллат – барои имрӯзу фардои дурахшон» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Нахуст филми «Марди роҳ» намоиш дода шуд, ки дар он аз аз кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати деринтизор ба таври мусаввару мунаввар қисса карда мешавад. Тамошои филм  ба ҳар фарди дилогоҳ бори дигар ҳадиси пандомӯзи ватандӯстию худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро меомӯзад.

Дар ҳамоиш сиёсати ҷавонон яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ унвон шуда, нақши ҷавононро дар эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас арзёбӣ намуданд. Таъкид шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдоми созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи мамлакат дастгирӣ менамояд.

Гуфта шуд, ки сиёсати рӯ овардан ба ҷавонон яке аз самтҳои асосии марҳилаи имрўзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб шуда, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва фаъолияти ҷавонон тадбирҳо андешида мешаванд.

Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ба ҷавонон ва фаъолони ташкилот Сипоснома тақдим гардид.

АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Май 23, 2024 19:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст