Суратгузориш аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
ДУШАНБЕ, 26.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 20 то 23 май Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Боку ва Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд.
Маросими ҷамъбастии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 май дар Филармонияи давлатии ба номи Фикрат Амирови шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардид.
Дар чорабинӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Мурод Ҳусейнов ва ҳайатҳои ҳунарии ду давлати ба ҳам дӯст иштирок намуданд.
Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ меҳмонон бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон шинос шуданд.
Дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, шумораи зиёди мусаввараҳои бадеӣ ва аксҳо пешкаши меҳмонон карда шуд.
Дар маросими ҷамъбастӣ барномаи бошукуҳу рангини устодони санъат ва ҳунармандони тоҷик пешниҳод гардид, ки барои сокинон ва меҳмонони Озарбойҷон бисёр хотирнишин буд.
Дар зер суратгузориш аз рафти баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон пешниҳод мегардад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон











































Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд






