Суратгузориш аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Май 26, 2024 18:33

ДУШАНБЕ, 26.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 20 то 23 май Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳрҳои Боку ва Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд.

Маросими ҷамъбастии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 май дар Филармонияи давлатии ба номи Фикрат Амирови шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардид.

Дар чорабинӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Мурод Ҳусейнов ва ҳайатҳои ҳунарии ду давлати ба ҳам дӯст иштирок намуданд.

Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ меҳмонон бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, шумораи зиёди мусаввараҳои бадеӣ ва аксҳо  пешкаши меҳмонон карда шуд.

Дар маросими ҷамъбастӣ барномаи бошукуҳу рангини устодони санъат ва ҳунармандони тоҷик пешниҳод гардид, ки  барои сокинон ва меҳмонони Озарбойҷон бисёр хотирнишин буд.

Дар зер суратгузориш аз рафти баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон пешниҳод мегардад.

 

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 26, 2024 18:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст