ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 май, ҷумъа, 124-умин рӯзи соли 2024 аст
Соли 1904 ихтироъкори америкоӣ Ҷорҷ Паркер аввалин қалами худро ихтироъ намуд.
***
3 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии туристӣ муҳокима карда шуд.
***
3 майи соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Ҷопон, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Ироқ, Португалия, Ҷумҳурии Кипр, Венгрия, Ҷумҳурии Полша, Ҷумҳурии Аргентина ва Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла эътимоднома супориданд.
***
3 майи соли 2012 Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои журналистии мамлакат ВАО-ро қадрдонӣ намуданд. Дар ин рӯз, аз ҷумла Радиои «Ховар» бо ҷоизаи «Падидаи сол» сарфароз гардонида шуд.
***
3 майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Симпозиуми байналмилалии дурӯзаи «Фазои меъморӣ: вазъ ва дурнамо» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии шаҳри Москваи Федератсияи Русия Маркази забону фарҳанги тоҷик ифтитоҳ гардид.
***
3 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо забони франсавӣ ба нашр расид.
***
3 майи соли 2018 дар Душанбе ҳолати вақт ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо муҳокима гардиданд.
***
3 майи соли 2022 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган баргузор гардид..
***
3 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаев мулоқот намуданд.
3 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии матбуоти озод.
***
Рӯзи Офтоб.
***
Дар Ҷопон – Рӯзи Конститутсия.
***
Дар Полша – Рӯзи Конститутсия.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД
Муҳаммадҷон Раҳимӣ -соли 1901 — шоир ва тарҷумони тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1934).