ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 май, панҷшанбе, 151-умин рӯзи соли 2024
30 майи соли 2007 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд.
***
30 майи соли 2012 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо ва сарвазирони мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 муовини Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, иҷрокунандаи вазифаи директори Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Яке аз мақсадҳои сафари Юрий Федотов ба Тоҷикистон – иштирок дар мулоқоти роҳбарони идораҳои зидди маводи мухаддиротии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон буд.
***
30 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоири маъруфи тоҷик Бозор Собирро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни суҳбат доир ба имрӯзу ояндаи фарҳанги миллии Тоҷикистон, шеъру шоирӣ ва тақвияти пайванди наслҳо дар ин самти барои рушди арзишҳои волои миллию давлатдорӣ басе муҳим гуфтугӯйи судманд доир шуд.
***
30 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе чаласаи 13-уми Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории Тоҷикистон баргузор гардид.
***
30 майи соли 2022 дар шаҳри Теҳрон мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид. Баррасии масоили ҳамкории ду давлат нахуст дар мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳо оғоз ёфта, сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт.
***
30 майи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот намуданд. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори тавсеаи рӯзафзуни робитаҳои гуногунарсаи ду мамлакат дар руҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ мебошад.
***
30 майи соли 2022 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир мулоқот намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкории ду давлат баррасӣ гардид.
***
30 майи соли 2022 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Раиси Маҷлиси Шурои исломӣ Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуданд. Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои тавсеаи равобити ду мамлакат дар ҳавзаҳои мухталиф муҳокима карда шуд.
***
30 майи соли 2023 дар Душанбе ҷаласаи ҳаштуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
30 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — Рӯзи ёдбуд.