ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 май, ҷумъа, 152-юмин рӯзи соли 2024
31 майи соли 2012 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Мудири иҷроияи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотовро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамгироии дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар самти мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир баррасӣ гардид.
***
31 майи соли 2012 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои аз Кодекси чиноятӣ ба Кодекси гражданӣ гузаронидани моддаҳои 135 (туҳмат) ва 136 (таҳқир) якдилона қабул намуданд.
***
31 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе маросими ба табъ расидани маҷаллаи чинии «Пули қора» баргузор гардид. Ин аввалин маҷаллаи махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки бо забони тоҷикӣ нашр мешавад. Дар маҷалла дар бораи Тоҷикистон ва Чин, инчунин ҳамкории байнидавлатии ин ду давлат маълумот дода мешавад.
***
31 майи соли 2018 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку эълон кард.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Дунявият ва роҳҳои пешгирии сиёсисозии дин дар давлати миллӣ» бо иштироки коршиносон, устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа, донишҷӯён ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
***
31 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба 1050-солагии нобиғаи маъруфи тоҷик Абурайҳони Берунӣ ва Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф таҳти унвони «Нақши Абурайҳони Берунӣ дар рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд.
***
31 майи соли 2023 ба ифтихори 100-солагии пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳо ифтитоҳ гардид, ки дар он намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
31 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Рӯзи байналмилалии бе сигор.
***
Рӯзи байналмилалии мубориза бо нобаробарӣ.
***
Дар Русия – Рӯзи адвокатура.