Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар маҷаллаи бонуфузи Озарбойҷон – «Аzeri Observer» тарғиб гардиданд

Май 17, 2024 08:48

ДУШАНБЕ, 17.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи майи соли 2024 дар шумораи навбатии маҷаллаи бонуфузи англисизабони Ҷумҳурии Озарбойҷон – «Аzeri Observer» оид ба ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва иқлим таҳти унвони «Тоҷикистон: ташаккули обҳо ва иктишофи ганҷҳо» мақола ба табъ расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар он гуфта шудааст, ки Тоҷикистон ба туфайли ташаббусҳои стратегӣ ва иқдоми худ дар мавриди истифодаи оқилонаи захираҳои об ва рафъи оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим, ки таҳти роҳбарии Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомали Раҳмон амалӣ мегарданд, дар самти пешбурди барномаҳои глобалии вобаста ба об ва иқлим мавқеи пешсафиро соҳиб шудааст.

Дар мақола ҳамзамон дар бораи имконияти сайёҳӣ ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сиёсати Ҳукумати мамлакат баҳри рушди соҳаи туризм ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ маълумоти муфассал дода шудааст.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 17, 2024 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд