Ташаббуси Президенти Тоҷикистон оид ба эълони Рӯзи байналмилалии морхӯр дар воситаҳои ахбори оммаи Швейтсария тарғиб гардид

Май 7, 2024 14:29

ДУШАНБЕ, 07.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои пайвастаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои обу иқлим, экология ва ҳифзи табиат, аз ҷумла  оид ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии морхӯр дар воситаҳои ахбори оммаи Швейтсария бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева васеъ тарғиб мегардад.

Аз ҷумла, дар сомонаи интернетии маҷаллаи бонуфузи  «Diva International»-и Женева зери сарлавҳаи «Рӯзи байналмилалии морхӯр аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карда шуд» матлаб ба нашр расид.

Ёдовар мешавем, ки 2 май  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии морхӯр тариқи қатъномаи дахлдор якдилона қабул намуд.

Қатънома аҳамияти бартараф намудани камшавии бесобиқаи чаҳонии гуногунии биологиро эътироф карда, ҳифз ва нигоҳ доштани макони зисти табиии морхӯрро хамчун зарурати экологӣ таъкид намудааст.


Дар он инчунин аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи морхӯр, эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки аллакай татбиқ мешаванд, таъкид карда шудааст.

Бо қабул гардидани ин қатънома 24 май Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон гардид.

Ҳамчунин дар ин санад аҳамияти Конфронси нуҳуми ҷаҳонӣ оид ба ҳайвоноти сумдори кӯҳӣ, ки аз 12 то 15 октябри соли 2024 дар Душанбе баргузор мегардад, таъкид шудааст.

Бояд гуфт, ки морхӯр (Capra falconeri-бузи пармашох) яке аз ҳайвонҳои нодири минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Туркманистон ва Узбекистон ба шумор меравад. Морхӯр нақши муҳимеро барои экосистема, биогуногунӣ, сайёҳӣ ва ғайра бозӣ карда, дарки ҳифзи он дар сатҳи ҷаҳонӣ бо назардошти дар рӯйхати сурхи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат қарор доштани ин ҳайвони нодир муҳим ба назар мерасад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 7, 2024 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд