Тавсия ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мақсади сафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон доранд
ДУШАНБЕ, 07.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба татбиқи чораҳои пурзӯри амниятӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Қазоқистон Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар ба Қазоқистон бояд бо худ ҳуҷҷатҳои зарурӣ дошта бошанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз ҷумла, ҳангоми пурсишу тафтиши кормандони мақомоти сарҳадӣ ва гумрукии Қазоқистон зимни воридшавӣ ба ин кишвар шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки ба саволҳои марбут ба мақсади сафар, замони бозистодан (будубош), ҷои истиқомат, робитаҳои хешовандӣ ва дӯстӣ доштан бо сокинони Қазоқистон мушаххас ҷавоб дода, ҳангоми зарурат суроғаи истиқоматӣ ва рақамҳои телефони онҳоро барои тамос пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин дар сурати дучор гардидан бо мушкилиҳо шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон (тел: +77761760043 – WhatsApp, tajembastana@mfa.tj) ё Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Алмато (тел: +77775883115 – WhatsApp, tajconsalmaty@mfa.tj) муроҷиат кунанд.
Дар зимн мавриди таъкид аст, ки байни мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории зич ва созанда идома меёбад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд






