Теъдоди бар асари обхезӣ ҳалокшудагон дар Афғонистон аз 300 нафар гузашт

Май 13, 2024 13:35

ДУШАНБЕ, 13.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 330 нафар дар натиҷаи боронҳои шадид ва обхезии ногаҳонӣ, ки минтақаҳои асосии музофотҳои  Бағлон, Тахор, Бадахшон ва Кӯҳҳои Афғонистонро фаро гирифтанд, ба ҳалокат расиданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус бахши Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (ФАО) дар Афғонистон ва мансабдорони маҳаллӣ изҳор доштаанд.

Бахши Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ рӯзи шанбе дар шабакаи иҷтимоӣ иттилоъ дод, ки танҳо дар музофоти шимолии Бағлон беш аз 300 нафар ҳалок шуда,  зиёда  аз 1000 манзил вайрон шудааст.

Қаблан хабар расида буд, ки дар натиҷаи бориши шадид ва обхезии ногаҳонӣ, ки минтақаҳои асосии музофотҳои Бағлон, Тахор, Бадахшон ва Кӯҳҳоро фаро гирифтааст, 160 нафар ҳалок ва 117 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Давоми моҳи охир дар Афғонистон бориши шадид ва обхезиҳо ба амал омада, боиси талафоти ҷонӣ ва моддӣ гардиданд.

АКС: «Синхуа»

Май 13, 2024 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа