Тоҷикистон ва Синзян нақша доранд корхонаҳои муштараки саноатӣ таъсис диҳанд

Май 13, 2024 10:14

ДУШАНБЕ, 13.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Урумчӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини Раиси Ҳукумати шаҳри Урумчии Синзян – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Сунмей вохӯрии корӣ  анҷом дод, ки зимни он масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ баррасӣ шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Баъд аз  муаррифии  имконияти фаровони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои тиҷорат, иқтисод, саноат, энергетика ва кишоварзӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва протоколи ҷаласаи зеркомиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Мухтори Синзян – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самтҳои афзалиятнок, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, неругоҳҳои барқи офтобӣ, коркарди маъданҳо, тиҷорати электронӣ, содироти молҳои ватанӣ ба Ноҳияи Мухтори Синзян – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Иброз гардид, ки соли 2023 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ноҳияи Мухтори Синзян – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин 1,2 миллиард  долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022   24 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз муовини Раиси ҳукумати Ноҳияи Мухтори Синзян – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин даъват намуд, ки хонум Сун Хунмей дар чорабинӣ бахшида ба ҷашни 20-солагии кушодашавии гузаргоҳи гумрукиву сарҳадии Қулма-Қаросӯ, ки охири моҳи майи соли 2024 дар ноҳияи Мурғоб ва шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок намояд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2024 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад