То охири моҳи май дар Тоҷикистон зиёда аз 21 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 24 май 21 583 тонна картошка ҷамъоварӣ намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.
Ҳосили 1246 гектар майдони картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки аз ҳар гектар 173 килограммро ташкил медиҳад.
Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзӣ, картошка дар низоми киштгардони зироат ҳамчун зироати пешкиштшаванда хуб дониста мешавад, зеро баъди кишти он қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона хеле кам мегарданд. Картошка ҳамчун зироат асосан ба воситаи лӯндаҳо парвариш меёбад.
Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров тавсия медиҳад, ки кишти баҳории картошка дар водиҳо аз нимаи моҳи феврал ва аввали март оғоз гардида, то охири моҳи март гузаронида мешавад.
Ба гуфти мавсуф, дар кишти баҳорӣ картошкаи тухмиро як моҳ пеш аз кишт омода менамоянд. Бо ин мақсад лӯндаҳои тухми картошкаро аз ҷои салқин ба ҷои то 12-15 дараҷа гарму равшан, вале нури Офтоб намерасидагӣ (намнокии ҳаво бояд аз 85 то 90 фоиз бошад), бароварда, 2-3 қабат рехта, 20-25 рӯз нигоҳ медоранд ва онҳоро дар ин давом барои инкишофи нешакҳо рӯйгардон менамоянд. Лӯндаҳои картошкаро дар фосилаҳои 18-20 см ва дар чуқурии 8-10 см бояд кишт кард. Баъди кишт ба рӯи ҷӯякҳо пошидани пору ба миқдори 7-10 тонна дар як гектар тухмиҳоро аз шароити номусоиди обу ҳаво нигоҳ медорад.
Доктори илмҳои кишоварзӣ иброз медорад, ки «технологияи парвариши кишти картошкаи барвақтӣ аз картошкаи мавсимӣ фарқ дорад. Марди деҳқон пеш аз кишти картошка бояд заминро хуб омода ва бо нуриҳои минералӣ ва органикӣ таъмин намояд. Нозукии асосии кишти картошка дар он аст, ки фасли сарморо ба назар гирифта, лӯндаҳои картошкаро дар чуқурии 15 ё 16 см дар қаторҳо мешинонем. Инчунин теғаи болои картошка ва ду атрофи лӯндаи картошка бояд ҳамин андозаро дошта бошад. Дар кишти барвақтии картошка лӯндаи шинонидаи картошка бояд аз 40 то 60 граммро ташкил диҳад ва ҳамроҳ бо нуриҳои минералӣ шинонида шавад, то дар фасли сармо зарар набинад. Ҳамчунин дар ҳолати шинонидани лӯлаҳои картошка бояд ҷӯякҳо аз қутби ҷануб ба шимол шинонида шаванд. Дар ҳолати баромадани Офтоб гармӣ бояд ба болои ҳамаи ҷӯякҳо таъсири хуб расонад. Инчунин лӯндаҳо дар ҳолати бориши борону барфи зиёд ва пас аз баромадани Офтоб бо гармӣ бояд баробар таъмин гарданд. Ин ба сабзиши картошка мусоидат мекунад».
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 бо ташаббуси Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ Рӯзи картошка пайдо шуд. Ин ид ҳамасола дар рӯзҳои Наврӯз таҷлил мешавад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






