ҲУШДОР! 10-12 май тағйирёбии вазъи ҳаво ва офатҳои табиии эҳтимолӣ дар назар аст

Май 7, 2024 17:37

ДУШАНБЕ, 07.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат, 10-12 майи соли 2024 дар якчанд шаҳру навоҳии  тобеи ҷумҳурӣ ба амал омадани раъду барқ, жола ​​ва сел дар назар аст. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентӣ  ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки эҳтиёткор бошанд.

Ба иттилои манбаъ, дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Норак, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Файзобод, Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, Лучоб, Қаратоғ, дар вилояти Хатлон- шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои  Ёвон, Хуросон, Данғара, Ховалинг, Мӯъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Восеъ ва Даштиҷум, дар вилояти Суғд  асосан дар шаҳрҳои Панҷакент, Исфара, Истаравшан, ноҳияҳои  Айнӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Шаҳристон, Деваштич, Ашт ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ боришоти зиёд  ва  сел дар назар аст.

Инчунин 10-12 май дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор – Варзоб ва Лучоб ҷорӣ мешаванд, болоравии сатҳи об дар назар аст.

Дар робита ба ин Кумита бо мақсади пешгирии ҳолатҳои марбут ба оқибатҳои эҳтимолии тағйирёбии боду ҳаво огоҳ менамояд, ки барои пешгирии оқибатҳои омадани сел каналу заҳбурҳоро тоза намоянд.

Дар ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  бо рақамҳои 112 ё 93 880 28 19, 88 400 01 01 тамос гиранд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 7, 2024 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид