Вакилони Парлумони Тоҷикистон дар ҳамоиш оид ба ҳифзи арзишҳои демократӣ дар шаҳри Брюссел иштирок доранд

Май 15, 2024 17:02

ДУШАНБЕ, 15.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 17 май дар шаҳри Брюсел аз ҷониби Маркази Женева оид ба идоракунии бахши амният дар доираи форуми «Ҳамкорӣ барои сулҳ» дар мавзуи «Ҳифзи арзишҳои демократӣ: аҳамияти идоракунии бахши амният ва назорати парлумонӣ» ҳамоиш мегузарад, ки дар кори он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибхон Азимзода ва Ҳаёт Одинаев иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Мақсади баргузории ҳамоиш саҳм гузоштан ба равандҳои ислоҳоти бахши амният ва такмили идоракунӣ тавассути таҳкими ҳамкорӣ дар лоиҳаҳои таҳқиқотӣ, барномаҳои табодули таҷриба ва ташаббусҳои омӯзиши коршиносон мебошанд. Ҳадафи Форум тавассути мусоидат ба табодули афкор ва таҷриба баланд бардоштани сатҳи дониш ва огоҳии вакилони парлумон аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ оид ба татбиқи фаъолияти қонунгузорӣ дар бахши амният, инчунин паҳн намудани меъёрҳо ва таҷрибаи пешқадам барои назорати парламентии ин соҳа мебошад.

Дар Форуми парлумонӣ вакилону кормандони парлумонҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Молдова ва Украина иштирок доранд.

Фаъолияти Гурӯҳи кории ислоҳоти бахши амният бо дастгирии молиявии Вазорати мудофиа, ҳифзи ҷамъиятӣ ва варзиши Швейтсария амалӣ карда мешавад.

Баргузории ҳамоиш имкон медиҳад, ки дарсҳо, бозёфтҳо ва фаҳмиши коршиносони байналмиллалии амният ва ҳамкорони парлумонии Иттиҳоди Аврупо бо мақсади дастгирии ислоҳоти маҳаллӣ, ки ба таҳкими нақши парламентҳо дар идоракунӣ ва назорати бахши амният нигаронида шудаанд, муҳокима карда шаванд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 15, 2024 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид