Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод

Май 20, 2024 07:40

ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Эрон Аҳмад Воҳидӣ рӯзи якшанбе тасдиқ намуд, ки яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ гирифтори садама гардид ва маҷбур шуд, ки дар устони Озарбойҷони шарқӣ дар шимолу ғарби Эрон фуруд ояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар додааст.

Аҳмад Воҳидӣ дар суҳбат бо шабакаи телевизионии давлатии ИРИБ сабаби ба таври сахт фуруд омадани чархболро шароити номусоиди иқлим номид.

Вай афзуд, ки дастаҳои наҷот аллакай ба ҷои ҳодиса равон шудаанд, аммо иқлими номусоид ва тумани ғафс кори онҳоро суст менамояд.

Ба иттилои Вазири корҳои дохилии Эрон, алакай бо афроде, ки президентро ҳамроҳӣ доранд, иртибот барқарор шудааст, аммо бо назардошти вазъи мураккаби ин минтақа барқарор кардани чунин робита осон нест.

Тавре ИРИБ хабар додааст, дар байни нафароне, ки дар чархболи президентӣ қарор доранд, вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ва волии вилояти Озарбойҷони Шарқӣ Малик Раҳматӣ низ ҳастанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 20, 2024 07:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд