Ёдгории бостонии «Тахти Шоҳӣ» бозгӯи он аст, ки ин мавзеъ аз қадим макони зисти тоҷикон будааст
ДУШАНБЕ, 07.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани корҳои ҳафриётиву пажуҳишӣ аз ҷониби як гурӯҳ бостоншиносони Осорхонаи миллӣ дар мавзеи бостонии «Тахти Шоҳӣ» муайян гардид, ки ёдгории бостонии «Тахти Шоҳӣ» дорои тамоми хусусияти ҳаётӣ -замини фарох, об, мавқеи мусбати ҷуғрофӣ ва ғайра буда, аз қадимулайём макони зисти ниёгони мо, тоҷикон будааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Мавзеи бостонии «Тахти Шоҳӣ» дар маҳаллаи Маърифатии шаҳри Душанбе воқеъ мебошад.
Бозёфтҳои муҳими таърихӣ, ба монанди боқимондаҳои девори аслӣ, пойдевор, оташдон, зарфҳои хоҷагидорӣ -кӯза, табақ, коса, дег, хум ва дигар осори маишӣ далели ин гуфтаҳо мебошанд.
Корҳои пажуҳишии муқаддамотӣ бозгӯи он мебошанд, ки дар ҳафриёти оянда низ аз ин мавзеи бостонӣ кашфи дастовардҳои нави таърихӣ имконпазир аст.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил ва баргузор намудани экспедитсияҳои бостоншиносӣ ба мавзеъҳои гуногуни таърихии мамлакат аст.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон









Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд






