Осори ҷаҳоншумули Мавлоно дар қалби Аврупо муаррифӣ мегардад

Июнь 5, 2024 15:28

ДУШАНБЕ, 05.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки 7-8 июн дар Париж доир мегардад, имрӯз дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж таҳти унвони «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода кардани кадрҳои илмии Осорхонаи милии Тоҷикистон Алишер Зарипов аз Париж иттилоъ дод.

Дар намоиш осори илмию адабии Мавлоно, бахусус аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллӣ ва Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии асарҳои Мавлоно, аз ҷумла «Маснавии маънавӣ», ки онҳо аҳамияти бузурги таърихию фарҳангӣ доранд, пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд. Инчунин дар намоиш нусхаҳои дастнавис ва якчанд асари санъати миниётурнигорӣ, ки аз ҷониби рассом-миниётурнигор Олимҷон Комилзода тасвир гардидаанд, ба намоиш гузошта мешаванд. Дар ин асарҳо достонҳо аз осори Мавлоно бо санъати миниётурӣ офарида шудаанд.

Ҳамзамон дар намоиш аксҳо аз маросими ифтитоҳи мақбараи рамзӣ ва хона-музейи Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд, гузошта мешаванд.

Дар намоиш китобҳои «Гулчини ғазалиёт» ва «Ҷоми ҷон», ки дар онҳо ашъор ва ғазалиёти Мавлоно гулчин гардида, ба тозагӣ дар нашриёти «Ирфон» чоп шудаанд, ба маъраз гузошта мешаванд.

Аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар намоиш сӯзаниҳо, ки бо ҳунари баланд омода гардидаанд ва муаррифи фарҳанги тоҷикон мебошанд, инчунин либосҳои миллии тоҷикӣ, ки дастранҷи тарроҳи шинохтаи тоҷик Хуршед Сатторов ҳастанд, ба намоиш гузошта мешаванд.

Осори илмӣ –адабӣ ва фарҳангию ҳунарие, ки дар намоиши ҷашнӣ ба ифтихори гиромидошти Мавлоно дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж ба тамошо гузошта мешаванд, аҳамияти баланди таърихию фарҳангӣ дошта, таҷассумгари ҳаёт, рӯзгор ва фаъолияти илмию адабии Мавлоно ва дар маҷмуъ фарҳангу тамаддуни тоҷикон мебошанд.

Ҳадафи намоиш муаррифии осори ҷаҳоншумули Мавлоно дар қалби Аврупо ва арҷгузорӣ ба ин шахсияти таърихӣ ва осори бебаҳои шоир мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Июнь 5, 2024 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд