30 ҚАДАМИ СОЗАНДА ДАР АМРИ ВАТАНСОЗӢ. Таҳти ин унвон дар Ҳисор Фестивал – озмуни «Ташкилоти беҳтарини сол» баргузор мешавад

Июнь 18, 2024 19:22

ДУШАНБЕ, 18.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 30-солагии таъсиси  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «30-қадами созанда дар амри Ватансозӣ» Фестивал – озмуни «Ташкилоти беҳтарини сол» баргузор менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи ин ҳизб хабар доданд, Фестивал –озмун дар шакли кушод ва дар алоҳидагӣ аз рӯйи шарт ва номинатсияҳои «Беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ», «Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ», «Фаъолтарин вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор», «Беҳтарин таблиғотчии ҳизбӣ аз ҳисоби собиқадорон», «Беҳтарин таблиғотчии ҳизбӣ аз ҳисоби бонувон», «Беҳтарин таблиғотчии ҳизбӣ аз ҳисоби ҷавонон», «Беҳтарин утоқи ҳизбӣ», «Беҳтарин гӯшаи ҳизбӣ», «Фаъолтарин таблиғотчӣ дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ», «Фаъолтарин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ», «10-гонаи беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ» ва «Беҳтарин бахши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» гузаронида мешавад. Ғолибон  дар арафаи таҷлили 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар чорабинии тантанавии ҷашнӣ бо диплом, ҷоиза, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз  гардонида мешаванд.

Фестивал – озмуни «Ташкилоти беҳтарини сор» соли сеюм аст, ки бо мақсади беҳтар намудани самти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, муайян ва истифодаи таҷрибаи фаъолияти пешқадами ташкилотҳои ибтидоӣ дар дигар сохторҳои ҳизбии Кумитаи иҷроияи Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, ҷалби бештари ташкилотҳои ибтидоӣ ба ҳаёти сиёсии мамлакат дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Оиннома ва Барномаи  Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Ҳисор

Июнь 18, 2024 19:22

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад