35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Конибодом биноҳои замонавӣ ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 07.06.2024 /АМИТ «Ховра»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бинои истиқоматии 5-ошёна бо маркази савдо ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Бино аз ҷониби соҳибкор Абдумаҷид Қаҳҳоров ва фарзандони ӯ сохта шудааст. Дар ошёнаи якуми бино маркази савдо ва хизматрасонӣ, толори ҳусн, нуқтаҳои фурӯши таҷҳизоти техникӣ ташкил гардида, 20 нафар соҳиби ҷойи кор шуд.
Ҳамчунин дар деҳаи Сомониёни шаҳри Конибодом сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48, толори варзиши он ва бинои муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 1 идома дорад.
Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки сокинони шаҳри Конибодом баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагиро вусъат мебахшанд.
Гурӯҳе аз сокинони маҳаллаи Гумбазии шаҳр тасмим гирифтаанд, ки бо маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаашон роҳи маркази шаҳрро мумфарш намоянд. Дарозии роҳ 1,5 км ва паҳноии он 7 метр аст.
Дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд низ иштирок карда, ташаббуси сокинонро шоистаи дастгирӣ арзёбӣ намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки соҳибкорони маҳалла дар ободонии роҳҳо саҳм гузошта, чанд нафар занон низ маблағҳояшонро дар ин кори хайр сарф кардаанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






