35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Конибодом биноҳои замонавӣ ба истифода дода мешаванд

Июнь 7, 2024 10:21

ДУШАНБЕ, 07.06.2024 /АМИТ «Ховра»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон  дар  шаҳри Конибодом бинои истиқоматии 5-ошёна бо маркази савдо ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Бино аз ҷониби соҳибкор Абдумаҷид Қаҳҳоров ва фарзандони ӯ сохта шудааст. Дар ошёнаи якуми бино маркази савдо ва хизматрасонӣ, толори ҳусн, нуқтаҳои фурӯши таҷҳизоти техникӣ ташкил гардида, 20 нафар соҳиби ҷойи кор шуд.

Ҳамчунин дар деҳаи Сомониёни шаҳри Конибодом  сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48, толори варзиши он ва бинои муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 1 идома дорад.

Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки сокинони шаҳри Конибодом баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагиро вусъат мебахшанд.

Гурӯҳе аз сокинони маҳаллаи Гумбазии шаҳр тасмим гирифтаанд, ки бо маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаашон роҳи маркази шаҳрро мумфарш намоянд. Дарозии роҳ 1,5 км ва паҳноии он 7 метр аст.

Дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд низ иштирок карда, ташаббуси сокинонро шоистаи дастгирӣ арзёбӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки соҳибкорони маҳалла дар ободонии роҳҳо саҳм гузошта, чанд нафар занон низ маблағҳояшонро дар ин кори хайр сарф кардаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 7, 2024 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд