35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ ва иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд

Июнь 29, 2024 15:17

ДУШАНБЕ, 29.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва майдончаи бозии кӯдакон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон, майдончаи бозии кӯдакон, таъмиру барқарорсозии роҳрав,  рангубори биноҳои истиқоматии №176А ва № 176Б  дар кӯчаи Ваҳдати маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар аз ҷониби Раёсати андози вилояти Хатлон амалӣ шудааст.

Дар ҳудуди майдони вобасташуда 10 адад арғунчакҳои бозии кӯдакона ва машқу тамрин, 3 адад дегдонхона, 1 адад майдони варзишии футболи хурд, 10 адад чароғҳо барои рушноӣ додани майдончаҳо, 2 адад айвонча сохта шуда, корҳо дар майдончаҳои бозии кӯдакон дар масоҳати 260м2, сафолакпӯшкунӣ дар масоҳати 445м2, насби ҷӯйборҳои обпарто бо дарозии 100 метр, ивази 6 адад дари даромадгоҳҳои бино ба анҷом расида, таваққуфгоҳи нақлиётӣ дар майдони 231 м2 бетонпӯш карда шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар  ифтитоҳи иншооти мазкур иштирок карда, бо сокинони ин маҳала вохӯрӣ намуд. Раиси вилоят ба корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти хизматрасонӣ баҳои баланд дода, барои саҳм гузоштан дар ободии ин макон ба масъулин изҳори сипос намуд.

Сокинони маҳалла  зимни суҳбат аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосир барои варзиш, истироҳат ва машқу тамрин изҳори миннатдорӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки солимии ҷомеа дар меҳвари таваҷҷуҳи  роҳбарияти давлату Ҳукумати  Тоҷикистон қарор дошта, иншооти мазкур бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш дар байни аҳолӣ  бунёд мегардад.

Бояд гуфт, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо дастуру супориши Раиси вилояти Хатлон беш аз 30 майдончаи варзишӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бунёд гардид. Ҳоло сохтмони дигар майдончаҳо дар шаҳр бомаром идома доранд.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагию  ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори шаҳр бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июнь 29, 2024 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло