35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Лахш бинои нави Раёсати молия ба истифода дода мешавад

Июнь 18, 2024 08:58

ЛАХШ, 18.06.20024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маркази  ноҳияи Лахш бинои нави Раёсати молия   бо сифати баланди меъморӣ бунёд гардид, ки дар доираи ин ҷашни бузурги миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор  дода мешавад. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш  хабар доданд.

Бинои нави Раёсати молия аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, бо маблағи 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ  сохта шудааст. Сохтмони он соли 2021 оғоз гардида, бо сифати баланди меъморӣ ба анҷом расонида шуд. Ҳуҷраҳои он бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он барои кормандон беҳтарин шароити корӣ муҳайё мебошад.

Барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Лахш  бунёди 124 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 21 иншоот аз ҳисоби вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, 12 иншоот аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш, 52 иншоот аз ҳисоби соҳибкорону хоҷагиҳо ва 33 иншоот аз ҳисоби кумитаи маҳаллаҳо сохта мешавад.

То имрӯз 37 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар 41 иншоот сохтмон  ва дар 46 иншооти боқимонда лоиҳакашӣ идома дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш

Июнь 18, 2024 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст