35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Лахш бинои нави Раёсати молия ба истифода дода мешавад
ЛАХШ, 18.06.20024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Лахш бинои нави Раёсати молия бо сифати баланди меъморӣ бунёд гардид, ки дар доираи ин ҷашни бузурги миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш хабар доданд.
Бинои нави Раёсати молия аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, бо маблағи 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Сохтмони он соли 2021 оғоз гардида, бо сифати баланди меъморӣ ба анҷом расонида шуд. Ҳуҷраҳои он бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он барои кормандон беҳтарин шароити корӣ муҳайё мебошад.
Барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Лахш бунёди 124 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 21 иншоот аз ҳисоби вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, 12 иншоот аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш, 52 иншоот аз ҳисоби соҳибкорону хоҷагиҳо ва 33 иншоот аз ҳисоби кумитаи маҳаллаҳо сохта мешавад.
То имрӯз 37 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар 41 иншоот сохтмон ва дар 46 иншооти боқимонда лоиҳакашӣ идома дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш








СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Шаҳри Хоруғ дар даври вилоятии ин озмун сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Маркази «Ганҷинаи ҳунаристони маърифат ва фарҳанги миллӣ» ба фаъолият оғоз намуд
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дода шуданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — АСОСГУЗОРИ ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш барои 280 нафар кӯдакистон сохта мешавад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом коргоҳи бастубанди меваи хушк сохта мешавад
Роҳҳои деҳаҳои Шафақу Тезгари болои ноҳияи Рӯдакӣ мумфаршу бетонпӯш карда шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад
35–СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб 494 иншоот бунёду навсозӣ карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон беш аз 6 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд






