35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Саҳми сокинон ва соҳибкорони шаҳри Истаравшан дар мумфаршкунии роҳҳо назаррас аст
ДУШАНБЕ, 16.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшан мумфаршкунии роҳҳо бомаром идома дорад. Аз ҷумла, бо дастгирии сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ роҳи деҳаи Қалъачаи Гули Зарди деҳоти «Пошкент» мумфарш гардида истодааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан иттилоъ доданд.
Роҳи мазкур аз ҷониби ширкати роҳсозӣ бо истифода аз техникаҳои муосири соҳавӣ анҷом дода шуда, зиёда аз 3 км масофаро дар бар мегирад ва бо ин мақсад хароҷоти зиёда аз 1,8 миллион сомонӣ маблағ дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар доираи истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшан бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва иқдоми пешгирифтаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома доранд.
АКС: Маркази матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид






