Ҳайати соҳибкорони Амрико ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 23.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик ҳайати соҳибкорони Амрико таҳти роҳбарии директори иҷроияи Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон меояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармояугзорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Омодагӣ ба сафари ҳайати соҳибкорони Амрико ба Тоҷикистон дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер дар Душанбе баррасӣ гардид.
Ҳадафи сафари доираҳои соҳибкории Амрико ба Тоҷикистон шиносоӣ бо фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва густариш додани ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва сохторҳои дахлдори Амрико, аз ҷумла Палатаи савдои Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон, Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро матраҳ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, хусусан сармояи мустақими хориҷӣ, ба иқтисоди миллӣ, ҳамкорӣ бо сохторҳои болозикр тақвият ёфта истодаанд.
АКС: Кумитаи давлатии сармояугзорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






