Ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус доир ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд

Июнь 5, 2024 17:05

ДУШАНБЕ, 05.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар шаҳри Минск ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Беларус доир ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд.

Дар кори ҷаласа Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Сергей Бартош ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, озуқаворӣ, илму маориф, тандурустӣ, дорусозӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамкории байниминтақавӣ, тайёр намудани кадрҳои комплекси агросаноатӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин дар ҷаласа созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба вазъ ва дурнамои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаи озуқаворӣ, тайёр кардани кадрҳо барои комплекси агросаноатӣ ва илмҳои кишоварзӣ, соҳаҳои кооператсияи саноатӣ, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ ба имзо расонида шуданд.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 5, 2024 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд