«ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ». Тоҷикистон 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣро дар қароргоҳи ЮНЕСКО таҷлил намуд

Июнь 8, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 08.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО- шаҳри Париж 815-солагии яке аз чеҳраҳои шинохтаи илму адаби тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро бо баргузории намоиши мусаввараву либосҳои миллии тоҷикӣ, конфронси байналмилалии илмӣ ва барномаи фарҳангӣ таҷлил намуд. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273) бе муболиға аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳо аст, ки бо гузашти солҳову садсолаҳо сухани баланди тобнокаш беш аз пеш ба дидаҳо зиёву нур ва ба дилҳои аҳли завқ шодию сурур мебахшад ва барои ҳифзи шевоию асолат ва пойдорию устувории забони тоҷикии имрӯзу фардо хизмат мекунад.

— Бузургии ӯ дар офаридани сухани зебову шевои тоҷикона ба ҳадде аст, ки тибқи баъзе ривоёт, устодони забони модарии мо, чун шайх Саъдӣ ҳанӯз дар замони зиндагияш шефтаи сурудаҳои ӯ гаштаанд.

Мавлоно Ҷалолуддин ба зоҳиру ботин нахуст шоир ва донишманди миллӣ ва пас аз он фаромиллист. Муқаддасоти миллии мо, аз ҷумла забону фарҳанг барои ӯ ҳамчунон азизу маҳбуб ҳастанд ва Мавлоно ба забону фарҳанги миллӣ дилбастагӣ ва алоқамандии хос дорад. Лаззати табъи сурудани сухани баландро ӯ бегумон аз чашидани қанди забони биҳиштии модарӣ дарёфтааст:

Порсӣ гӯйем, яъне ин кашиш,
З-он тараф ояд, ки омад он чашиш.

Ибораи «забони маҳрамӣ» ба маънии забони ҳамдилӣ ва ягонагию ваҳдат сохтаи табъи шакаррези Мавлоно аст. Вай ҳарчанд ҳамзабониро давлату сарват ва хешию пайвандӣ медонад, дар сурудаҳои худ забони маҳрамиро бар ҳамзабонӣ тарҷеҳ додааст:

… Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Вале боз ҳам василаи баёни забони маҳрамии Мавлоно ҳамин забони модарии ӯ аст, ки садову нидои дили инсонпарвари ӯро бар сари забонҳо андохта, ӯро ба ҷаҳону ҷаҳониён ва ҷаҳону ҷаҳониёнро ба ӯ абадан пайванд додааст.

Аз назари мухтасар ба забони баёни осори Мавлоно асосан ду ҷанбаи муҳимми вожашинохтии ин осор ба мушоҳида мерасад, ки ин ҳарду ҷанба дар ҳамбастагӣ ба осори ӯ шукуҳу азамат ва ҳамешагию ҷовидонӣ  бахшида, ӯро дар радифи бузургтарин устодони забони тоҷикӣ дар тамоми давраи мавҷудияти он қарор додаанд. Он ду ҷанбаи муҳим инҳо мебошанд:

-Якум, истифодаи босамар аз ганҷинаи вожагону таркибҳои забони адабӣ ва забони зиндаи мардум, бахусус забони тоҷикони рӯзгори муаллиф, ки то ба имрӯз аксари ин вожаву таркибҳо дар забони мо мавриди истифодаву баҳрагирӣ қарор доранд.

-Дуюм, вожасозӣ ва таркиббандӣ, яъне сохтани вожа ва таркибу ибораҳои нав бо риояи қатъии қоидаҳои вожасозию таркиббандии забони тоҷикӣ.

Дар робита ба истифода аз ганҷинаи вожагону таркибҳои забони адабӣ ва забони зиндаи мардум метавон гуфт, ки осори Мавлоно дар ин замина беҳтарин ва боризтарин намуна ба ҳисоб меравад. Чунин тарзи корбасти босамар аз вожагони забони адабӣ ва калимаву ибораҳои мардумии тоҷикӣ дар осори бузургони дигари забону адаби мо камтар ба мушоҳида мерасад.

Ҳасани СУЛТОН,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 8, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид