Ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистон ва Амрико тақвият меёбад

Июнь 29, 2024 09:27

ДУШАНБЕ, 29.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24-26 июни соли 2024 ҳайати роҳбарият ва аъзои Шурои тиҷоратии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд.

Дар доираи ин сафар мулоқоти ҳайати ҳукуматии кишвар таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо роҳбарият ва аъзои Шурои тиҷоратии Тоҷикистон ва Амрико, аз ҷумла ширкатҳои бонуфузи «Coca-Cola», «FLSmidth», «GE Vernova», «Medtronic», «Thomas Greg & Sons Limited», «Visa», «White & Case LLP», «Unitex», инчунин вохӯрии аъзои Шуро бо доираи соҳибкорони ватанӣ ва бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мулоқотҳо самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ва фазои мусоид барои сармоягузорӣ, тақвияти ҳамкории минбаъда ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим, таъсиси корхонаҳои муштарак,  кафолату имтиёзҳо барои сармоягузорон, воридоти технологияҳои муосир ба Тоҷикистон, ислоҳотҳои амалинамудаи Ҳукумат дар соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши молиявӣ ва хусусӣ, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Дар натиҷаи мулоқоту вохӯриҳои доиргардида як қатор санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, молия ва рақамикунонӣ ба имзо расонида шуданд.

Аз ҷумла:

—        Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «FLSmidth» оид ба ҳамкорӣ дар бахши саноат;

—        Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Ширкати «Visa» оид ба ҳамкорӣ дар бахши амалиёти бонкӣ;

—        Ёддошти тафоҳум байни Бонки тиҷоратии «Эсхата» ва Ширкати «Visa» оид ба ҳамкорӣ дар бахши амалиёти бонкӣ.

Инчунин аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ 3 адад Ёддоштҳои тафоҳум бо Ширкати «StrategEast», Ширкати «Thomas Greg and Sons» ва Ширкати «Jones» таҳия гардида, ҳуҷҷатҳои мазкур онлайн имзо мешаванд.

Дар баробари ин дар ҳошияи сафар ва дар асоси натиҷаҳои ҳамкории судманд бо Ширкати «VISA» 25 июн маросими ҷорӣ намудани низоми пардохти «Google Pay» баргузор гардид, ки тавассути он дар нуқтаҳои савдо ва шабакаи интернет пардохти мобилии муосири NFC ба роҳ монда мешавад.

Ин низоми пардохт барои аҳолии Тоҷикистон имконияти навро пеш меорад ва усули муфиду бехатари пардохт бо истифода аз кортҳои пардохтии байналмилалиро фароҳам меорад.

Дар маҷмуъ сафари мазкур дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардида, он аз таваҷҷуҳи баланди ширкатҳои амрикоӣ ба бозори Тоҷикистон ва имконияти фарохи иқтисодиёти миллӣ барои ҷалби сармоя дарак медиҳад.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

Июнь 29, 2024 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд