Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи обу энергетика густариш меёбад

Июнь 13, 2024 09:36

ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» вохӯрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини Вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Мардуми Чин Сзу Лейминг баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар вохӯрӣ доир ба истифодаи оқилонаи захираҳои об, гузаронидани таҳқиқот ва коркардҳои муштараки илмӣ дар соҳаи идоракунии самаранок ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ ва беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда, кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим, таҳия ва татбиқи якҷояи лоиҳаҳо дар соҳаи хоҷагии об ва ҷалби маблағҳои гуногуни молиявӣ барои татбиқи онҳо мубодилаи афкор шуд.

Ҷонибҳо ҳавасмандиашонро барои мубодилаи иттилоот, таҷриба дар соҳаи истифодаи технологияҳои сарфаи об, усулҳои пешрафтаи обёрӣ, техникаи обёрӣ, ченкунӣ ва баҳисобгирии об, тайёр кардани мутахассисон барои соҳаи об, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ ва минтақавӣ вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва мусоидат ба пешбурди ҳадафҳои ин ташаббуси Тоҷикистон баён доштанд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 13, 2024 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд