Ба Узбекистон бо интернети мобилӣ аз «Анор»!

Июнь 21, 2024 15:09

ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Оператори инноватсионии «Анор» пешниҳод дорад, ки ҳангоми сафарҳо ба Узбекистон интернети мобилӣ бо шартҳои имтиёзнок истифода бурда шавад. Бо опсияи тарофавии «Узбекистон Онлайн» муштарии ширкат 5 Гб-ро бо нархи ҳамагӣ 15 сомонӣ ба даст меорад. Ин аз нархи ҳамин миқдори трафик дар роуминг 1 521 сомонӣ камтар аст. Сарфа басо назаррас аст.

Барои пайвасткунии опсия Шуморо сараввал зарур аст, ки се шартро иҷро намоед. Якум – дар танзимоти телефон вориди SIM-феҳрист ё SIM-барнома (дар намунаҳои iOS) шуда, дар қисми «Роуминг» ба «Реҷаи интихоби обуна» гузаред. Агар реҷаи «Автоматӣ» фаъол бошад, ба реҷаи «Дастӣ» гузаред. Шарти дуюм – хизматрасонии ройгони «Ҳамсояҳои роумингӣ»-ро бо рақамчинии *390*1# пайваст кунед. Ва сеюм – дар тавозун на камтар аз 20 сомонӣ маблағ дошта бошед.

Опсияи «Узбекистон Онлайн» ба таври автоматӣ вақте ҳангоми воридшавӣ ба Узбекистон муштарӣ истифодабарии хизматрасониҳои мобилиро оғоз мекунад – занг анҷом медиҳад, SMS ирсол мекунад ё тариқи телефон интернетро истифода мебарад, фаъол мегардад. Инчунин опсияро метавон мустақилона бо ирсоли USSD-дархости *305*65# фаъол намуд. Дар ҳудуди Узбекистон хизматрасониҳои алоқа дар шабакаи Ucell пешниҳод карда мешаванд.

Дар ҳолате, ки агар муштарӣ дар сафар 5 Гб-ро пурра истифода барад, нархгузории минбаъда аз рӯи нархҳои стандартии роумингӣ анҷом дода мешавад. Барои Узбекистон ин 0,3 сомонӣ барои 1 Мб, ё 307,2 сомонӣ барои 1 Гб мебошад.  Ҳамин тариқ, 5 Гб аз рӯи нархи асосӣ ба 1 536 сомонӣ баробар аст. Бо опсияи пайвастшудаи «Узбекистон Онлайн» муштарӣ бо истифодаи чунин ҳаҷми трафик 1521 сомонӣ маблағи худро сарфа менамояд. Бақияи бастаро бо рақамчинии USSD-дархости *104# санҷидан мумкин аст. Ҳангоми зарурат опсияи «Узбекистон Онлайн»-ро метавон бо аз нав пайваст карда, интернетро бо нархи муфид истифода намуд. Барои ин опсия бояд бо рақамчинии USSD-дархости *305*64# қатъ карда шуда, сипас бо дархости *305*65# пайваст карда шавад.

Муҳлати амали опсияи «Узбекистон Онлайн» – 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи фаъолкунӣ мебошад. Бо гузашти ин муҳлат опсия ба таври автоматӣ қатъ мегардад. Опсия танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Узбекистон эътибор дорад.

Агар муштарии «Анор» хоҳиши пайвасткунии опсияро надошта бошад, ӯ метавонад онро мустақилона бо рақамчинии *305*64# қатъ намояд. Агар дар вақти қарор доштан дар Узбекистон муштарӣ интернети мобилиро истифода накарда, бастаи трафик норасида боқӣ монад, пардохт барои опсия якбора пас аз қатъгардии он ба ҳисоби телефон баргардонида мешавад.

«Узбекистон Онлайн»-ро пайваст намуда, 4G-интернети баландсуръатро дар хориҷа истифода баред ва маблағро сарфа намоед!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Июнь 21, 2024 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд