Байни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова ва Донишгоҳи омӯзгории Нейҷани Чин санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 05.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвият додани ҳамкорӣ ҷиҳати рушди таълиму тарбия ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ, инчунин табодули таҷрибаи омӯзгорону донишҷӯён байни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Нейҷани Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова хабар доданд.
Созишномаи ҳамкорӣ зимни ташрифи намояндагони Донишгоҳи омӯзгории Нейҷани Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба имзо расид.
Меҳмонон шуъбаи забони чиниро, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯхтани забонҳои хориҷӣ таъсис дода шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Меҳмонон ба ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова








Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор кӯдакон ба синфи якум рафтанд
Аз 1 сентябр донишҷӯёни тоҷик дар Русия метавонанд ҷойи зисти худро тавассути барномаи мобилии «Амина» ба қайд гиранд
Президенти Тоҷикистон: «Падару модарон ба тарбияи фарзандон бояд бо масъулияти баланд муносибат намоянд»
Пешвои миллат дастур доданд, ки сифат ва муҳтавои китобҳои насли нав беҳтар карда шавад
Президенти Тоҷикистон: «Зарур аст дар байни ҷавонону наврасон фарҳанги истифодаи шабакаи интернет баланд бардошта шавад»
Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон суханронии Президенти Тоҷикистонро дастҷамъона тамошо намуданд






