Байни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова ва Донишгоҳи омӯзгории Нейҷани Чин санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Июнь 5, 2024 10:23

ДУШАНБЕ, 05.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвият додани  ҳамкорӣ ҷиҳати рушди таълиму тарбия ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ, инчунин табодули таҷрибаи омӯзгорону донишҷӯён байни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Нейҷани Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова хабар доданд.

Созишномаи ҳамкорӣ зимни ташрифи намояндагони Донишгоҳи омӯзгории Нейҷани Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба имзо расид.

Меҳмонон шуъбаи забони чиниро, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯхтани забонҳои хориҷӣ таъсис дода шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Меҳмонон ба ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова изҳори омодагӣ намуданд.

 АКС: Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова

Июнь 5, 2024 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид