Байни Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 01.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (International Finance Corporation) Ёддошти тафоҳум оид ба рушди энергияи гармӣ (геотермалӣ) ба тасвиб расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба тавсеаи ҳамкорӣ байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ табодули афкор намуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа иброз намуд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим гузаштан ба энергияи гармидиҳӣ ва хунуккунии геотермалӣ алтернативаи муфид барои рушди устувори соҳаи энергетика мебошад. Дар ин раванд гузаштан аз энергияи гармии аз газ ва ангишт истеҳсолшаванда ба низоми геотермалӣ, яъне энергияи барқароршаванда муҳим арзёбӣ мегардад.
Вазири энергетика ва захираҳои об таъкид кард, ки “амалӣ намудани лоиҳаи рушди энергияи гармӣ (геотермалӣ) дар шаҳри Душанбе, ки бо иқдоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ инфрасохтори пойтахт сол ба сол рушд менамояд, саривақтӣ мебошад. Зеро дар шаҳри Душанбе талабот ба энергияи гармӣ дар фасли зимистон ва хунукӣ дар фасли тобистон зиёд аст”.
Намояндаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ хонум Илҳем Саламон баён намуд, ки «бо истифода аз захираҳои геотермалии Тоҷикистон мо метавонем ояндаи устувор ва «сабз» эҷод кунем. Ҷорӣ гардидани ин лоиҳа метавонад вобастагӣ аз неруи барқи воридотиро коҳиш диҳад. Инчунин энергияи геотермалӣ ҳамчун энергияи «сабз», яъне аз ҷиҳати экологӣ тоза ба рушди устувори сайёра муфид мебошад».
Бояд гуфт, ки бо истифода аз гармии ядрои Замин энергияи геотермалӣ метавонад вобастагӣ аз истихроҷи маҳсулоти сӯзишворӣ ва воридоти неруи барқро коҳиш дода, муҳити зистро беҳтар намояд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад






