Байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва ширкати фаромиллиии «FLSmidth» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Июнь 25, 2024 15:54

ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Маркази таҳияи лоиҳаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати фаромиллиии «FLSmidth», ки яке аз таъминкунандаҳои асосии таҷҳизоти истихроҷи маъдан дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, Ёддошти тафоҳуми ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Маркази таҳияи лоиҳаҳои сармоягузории Вазорати саноат ва технолгияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати фаромиллии «FLSmidth» таҳияи нақшаи муштарак ва таъсиси гурӯҳи корӣ пешбинӣ шудааст.

Ёддошти тафоҳум дар шаҳри Душанбе дар доираи мулоқоти Вазири саноат ва технолгияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо роҳбарияти ширкати фаромиллии «FLSmidth» Питер Фланаган ба имзо расид.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати маъдан ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар самти истихроҷи маъдан табодули андеша намуданд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон сарзамини кӯҳсор буда, кӯҳҳо 93 фоизи қаламравашро ташкил дода, дорои конҳои маъданҳо, аз қабили литий, мис, сурма ва ғайра мебошад.

АКС: Вазорати саноат ва технолгияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 25, 2024 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд