«БАРНОМАСОЗИ ҶАВОН». Даври ҷумҳуриявии озмун бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) озмуни ҷумҳуриявии «Барномасози ҷавон» баргузор гардид. Озмун бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани ёрии амалӣ ба омӯзгорону хонандагон дар самти татбиқи васеи барномаҳои муосири электронӣ дар раванди таълиму тарбияи наврасону ҷавонон гузаронида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадафи озмун тавсеаи тафаккури техникии насли наврас, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги техникӣ, шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ, шиносоии бештари хонандагон бо кашфиёти илмҳои муосир, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон, бедор намудани шавқу завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои мураккаби фаннӣ, баёни озодонаи фикр, аз худ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир, дарёфти хонандагони болаёқат, ки ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ шавқу завқ доранд, ташвиқ ва тарғиби хонандагон дар самти созандагию эҷодкорӣ мебошад.
Озмун тибқи талаботи Низомнома барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат ташкил шуда, 4 номинатсияро дар бар гирифт:
- «Барномасозӣ»
- «Веб-барномасозӣ»
- Сохтани манбаи маълумот
- Сохтани шабакаҳои иттилоотӣ



Дар озмун аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ хонандагони боистеъдод ҷамъ омада, сабқат намуданд. Дар асоси талаботи озмун фаъолияти довталабон аз назари доварон арзёбӣ гардида, беҳтарин барномасозони оянда ҳамчун ғолибони озмун муайян шуданд.
Ғолибон бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди маориф ва илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Ба таъкиди Пешвои миллат, «асри XXI асри технологияи нав ва информатика мебошад. Аз ин рӯ мо бояд барои ҷавонон ҳарчи бештар ғамхорӣ намоем, то онҳо дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳони имрӯзаро пурра аз худ намоянд».
АКС: Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон























Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад






