Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода аз таъмири асосӣ бароварда шуд
ДУШАНБЕ, 17.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ имсол аз тарафи масъулини беморхона дар якҷоягӣ бо соҳибкорон шуъбаи ёрии таъҷилии тиббӣ ва шуъбаи занони ҳомиладор аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.
Ҳамзамон шуъбаи таваллудхона ва шуъбаи модару кӯдаки беморхонаи марказии шаҳр низ таъмири асосӣ карда шуда, ҳоло барои зебо намудани намои берунии бинои беморхона корҳои таъмиру барқарорсозӣ бомаром идома доранд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ҳамзамон барои боло бурдани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба беморхона таҷҳизоти муосири тиббӣ ворид карда шуд.
Дар беморхона ҳоло дастгоҳи рентгении рақамии сайёр амал менамояд, ки имконияти ташхиси маризонро дар бистари беморӣ фароҳам меорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






