Боз ҳашт корманди ширкати «МегаФон Тоҷикистон» унвони соҳавӣ гирифтанд

Июнь 20, 2024 14:31

ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Устоди алоқа» – унвони олии соҳаи телекоммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Барои онро соҳиб шудан доштани таҷрибаи калон кофӣ нест, гузоштани саҳми муносиб  дар рушди телекоммуникатсия  ва иқтисоди миллӣ  дар ин ҷода шарти дигари ҳатмӣ мебошад. Алҳол дар ширкати «МегаФон Тоҷикистон» 22 «Устоди алоқа» фаъолият доранд. Ҳашт нафарашон мукофотро соли равон ба даст оварданд. Доир ба он, ки чӣ тавр метавон дар сатҳи давлатӣ сазовори эътироф шуд ва аз натиҷаҳои кори худ ифтихор намуд, каме нақл мекунем.

МегаФон Тоҷикистон дорои яке аз шабакаҳои бузургтарини технологӣ дар ҷумҳурӣ аст, бинобар ин байни устодон, бешубҳа, мутахассисони касбие ҳастанд, ки инфрасохтори алоқаро бунёд менамоянд. Муҳандис оид ба корбурди системаҳои пойгоҳҳои базавии раёсати минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Собирҷон Ризоев барои саҳми сазовор дар рушди техникии шабака дар ҳудуди навоҳии калонтарин – Лахш ва Рашт қадрдонӣ карда шуд. Дар баробари ин, принсипи асосӣ барои Собирҷон Ризоев ва ҳамкорони ӯ якдилию ҳамфикрист, натиҷаҳои бадастомадаро онҳо натиҷаи умумӣ меҳисобанд.

Насби ҳар як пойгоҳи базавӣ миқдори зиёди ҳуҷҷатҳо ва иҷозатномаҳоро тақозо менамояд. Ба ин кор роҳбари бахши захираҳои радиобасомадҳо ва таъминоти иҷозатномавӣ Рустам Турсунов машғул мебошад. Номбурда ба соҳаи мазкур 49 соли умри худро бахшида, дар ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҳамаи иншооти навро мувофиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва омодакунии ҳуҷҷатҳоро барои анҷоми сохтмон назорат мекунад.

МегаФон Тоҷикистон аз рӯи дарозии хатҳои алоқаи нахӣ-нурӣ яке аз ширкатҳои пешсафтарини мамлакат ба ҳисоб меравад. Ширкат наздики 1 800 километр хатҳои алоқаи нахӣ-нурии худро доро мебошад. Барои саҳмгузорӣ дар банақшагирии онҳо ва корҳои бунёдӣ соли равон ду корманд –муҳандиси калон оид ба корбурди шабакаи таҳвилӣ Давлатҷон Оймаҳмадов ва муҳандиси пешбар оид ба банақшагирии шабакаи таҳвилӣ Анварҷон Ҳиматов бо унвони «Устоди алоқа» кадрдонӣ карда шуданд.

Самти аз ҳама ҷавони ширкат – таҳвили маълумоти собити баландсуръат ҳамагӣ каме зиёда аз ду сол дорад. Лекин тӯли ин муддат ба МегаФон Тоҷикистон муяссар шуд, ки «Интернет барои хона»-ро ба сокинони бисёри минтақаҳои шаҳри Душанбе пешниҳод намояд. Барои иштироки фаъол дар бунёди меъмории таҳвили маълумоти собити баландсуръат ва саҳми умумӣ дар бунёду роҳандозии шабакаи ширкат унвони «Устоди алоқа» ба Ҷовид Абдураҳмонов, роҳбари самти хизматрасонии хадамоти мизоҷони департаменти инкишоф ва корбурди таҳвили маълумоти собити баландсуръат дода шуд. Таҷрибаи умумии кории мавсуф дар ширкат 19 солро ташкил медиҳад.

Ҳисоботи молиявӣ ва андозҳо – самти дигарест, ки ҳамчунин аҳамияти ҷиддӣ дорад. Барои пурра ва саривақт иҷро намудани уҳдадориҳои андозӣ дар назди буҷа, роҳандозии тарзҳои нави рақамии амал дар кор, саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод ва буҷаи ҷумҳурӣ сармуҳосиби ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Оксана Демидова бо унвони «Устоди алоқа» сарфароз гардонида шуд.

МегаФон Тоҷикистон дар ҳамаи лоиҳаҳои бомиқёси соҳаи алоқа иштирок намуда, вазифаҳои дорои аҳамияти давлатиро ба иҷро мерасонад, аз ҷумла азнавбақайдгирии SIM-кортҳоро ба амал мебарорад. Барои иштирок дар лоиҳаҳои бомиқёси соҳавӣ ва амалисозии даҳҳо иқдомҳои тиҷоратӣ унвони «Устоди алоқа» ба роҳбари хадамоти маркетинг Зебунисо Эргашева дода шуд.

МегаФон Тоҷикистон оператори рақамист. Унвони олиро дар соҳаи телекоммуникатсия барои рушди хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ, аз ҷумла васеъкунии доираи вазифаҳои замимаи барои Ҷумҳурии Тоҷикистон беназири «МегаФон Life», инчунин барои саҳми умумӣ дар рақамикунонии иқтисоди Тоҷикистон Юрий Глушенко, роҳбари самти хизматрасониҳои молиявии департаменти тиҷоратӣ соҳиб гардид.

Тарзи зиндагонию кори «Устодони алоқа» чунин аст, ки онҳо пештар аз дигарон инноватсияҳои рақамиро аз худ менамоянд ва ҳаррӯза дар роҳи такмилу инкишофанд. Дастовардҳои онҳо барои ҳамаи кормандони соҳаи телекоммуникатсионии мамлакат намунаи ибрат ҳастанд!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Июнь 20, 2024 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Ғиёсиддин Ашӯрзода раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб гардид
Дар ноҳияи Данғара вохӯрии масъулин бо сокинон бо усули «Маҳал ба маҳал» ва «Деҳа ба деҳа» баргузор гардид
Имрӯз дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
ҲАР КАС БА ЗАБОНИ ХУД СУХАНДОН ГАРДАД. Китобҳо дар нигоҳ доштани забон нақши аввалияро мебозанд
Дар кӯчаҳои Хоруғ 150 қуттии муосир барои партовҷамъкунӣ гузошта шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
Дар Душанбе ҷаласаи муштараки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд