Дабири кулли Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо раиси Комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон мулоқот намуд

Июнь 13, 2024 13:56

ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн дар ҳошияи иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» Дабири кулли Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Кайрат Сарибай бо раиси Комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё созмони бонуфузи минтақавие аст, ки бо ташаббуси Қазоқистон соли 1992 асос гузошта шуда, мақсади он ҳамкории сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар доираи мамлакатҳои аъзои созмон мебошад ва таъмини амнияти дастҷамъии Осиёро дар назар дорад.

Ба ин созмони бонуфузи минтақавӣ зиёда аз 30 мамлакат аъзо мебошанд ва ҷаласаҳои он бо раисии давлатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар солҳои мухталиф доир гардида, масъалаҳои амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд, ки он натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи панҷуми вазирони корҳои хориҷии Машварати ҳамкории Осиё, ки 5 июни соли 2006 доир гардида буд, ба узвияти он дохил гардид. Ин ифодаи боварии аъзои ин созмон ба Тоҷикистон буда, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ боз ҳам боло мебарад.

Мақсади ниҳоии Машварати ҳамкорӣ таъмини амнияти қитъаи Осиё мебошад. Барои дар сатҳи зарурӣ татбиқ кардани қарорҳои машварати мазкур роҳбарияти мамлакатҳоро зарур аст, ки бо ноамниҳои минтақавӣ дастҷамъона мубориза баранд.

Терроризму ифротгароӣ таҳдидҳои глобалии замони муосир буда, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба он бастагӣ дорад. Яке аз мақсадҳои дигари машварати ҳамкорӣ мубориза ба муқобили теророризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир мебошад.

Дар доираи машварат тақвияти ҳамкории иқтисодии ин мамлакатҳо бо Тоҷикистон доир мегардад ва ҷалби сармояи мамлакатҳои рушдкарда ба густариши соҳаҳои саноат, энергетика ва туризми Тоҷикистон мусоидат менамояд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 13, 2024 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд