Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон, истиқрори сулҳ, ризояти миллӣ, таҳкими Ваҳдат ва рушди давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар ҳамоиш иштирокдорон атрофи мафҳум ва моҳияти ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуда, аҳамияти онро барои имрӯзу фардои мамлакат шарҳ доданд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки саҳифаҳои пурифтихори давлатдории навини тоҷикон гувоҳ аст, ки таърих дар ҷои холӣ пайдо намешавад ва онро шахсиятҳои бузург якҷо бо миллатҳои бузург меофаранд. Ваҳдати миллии тоҷикон низ натиҷаи заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Таъкид гардид, ки роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии собитқадамонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паймудааст ба садсолаҳо баробар буда, моҳияти ин сабақи таърихӣ бояд ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонида шавад.
Иброз гардид, ки таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои сулҳофар ва Президенти маҳбуби миллат дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор фаъолон барои иштироки дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва дастовардҳои арзанда бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе










Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






