Дар Бадахшон фаъолони маъракаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Артиши миллӣ қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар маъракаи имсолаи даъват ба хизмати ҳарбӣ бо дарки баланди хештаншиносӣ ва худогоҳӣ 274 нафар даъватшаванда, ки дар хориҷи мамлакат, аз ҷумла дар Федератсияи Русия, ИМА, Олмон, Руминия ва дигар давлатҳо қарор доштанд, бо гирифтани даъватнома ба Ватан баргашта, имрӯз бо хоҳиши худ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуда истодаанд. Ин иқдоми ватандӯстонаи ҷавонони вилоят дар чандин ҷаласаҳои сатҳи баланд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд гирифта, ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватану миллат арзёбӣ гардид.
Ин матлаб зимни ҷаласа оид ба ҷамъбасти маъракаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баён гардид.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот дар ҷаласа ба роҳбарияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу қудратӣ, раёсату шуъбаҳо ва волидайну даъватшудагон барои идроки баланди масъулият, сарҷамъона, бо сифати баланд анҷом додани ин маъракаи муҳими сиёсӣ миннатдорӣ изхор намуд.
Дар ҷаласа як зумра намояндагони касбу кори гуногун, ки дар маъракаи даъвати баҳорӣ саҳми арзанда гузоштанд, бо «Ифтихорнома», «Сипоснома»-и Раиси вилоят ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медал қадрдонӣ карда шуданд.
Сипас аҳли фарҳангу санъатаи вилоят барномаи рангини консертии ватандӯстонаро манзури ҳозирин гардонданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






