Дар Берлин ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 04.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа вазирони маорифи давлатҳои гуногун иштирок доранд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати ифтитоҳӣ ҳамчун узви Шурои директорон вобаста ба таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба соҳаи илму маориф дар замони муосир ва бартарият ба он иброз дошт, ки илму маориф асоси рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар давлатро ташкил медиҳад.
Ҳамаи шаҳрвандон танҳо баъди гузаштан аз зинаҳои гуногуни таҳсил вориди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, фарҳангу маориф, тиҷорату бозаргонӣ ва низомӣ мегарданд. Аз ин лиҳоз, соҳаи маорифро метавон заминаи рушди ҳамаи соҳаҳои дигар номид.
Ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон то 6 июн давом менамояд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд






