Дар Бохтар амалишавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 июн дар шаҳри Бохтар иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят» ва «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар иҷлосия иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Хатлон шумораи умумии муассисаҳои фарҳангӣ 886 ададро ташкил дода, аз ин шумора 492 адад китобхона, 286 адад муассисаҳои клубӣ, 3 адад филармонияи халқӣ, 5 адад театрҳои халқӣ, 3 адад театрҳои касбӣ, 35 адад боғҳои фарҳангӣ — фароғатӣ, 18 адад осорхонаҳо, 29 адад мактабҳои бачагонаи санъат, 12 адад ансамблҳои тарона ва рақс, 3 адад ансамблҳои касбии вилоятӣ фаъолият намуда, 936 адад ёдгироҳои таърихӣ ба қайд гирифта шудааст.
Муовини Раиси вилояти Хатлон Ҷамшед Каримзода доир ба иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» гузориш дода, изҳор намуд, ки барномаи мазкур 368 лоиҳаҳоро ба маблағи умумии 8459,2 млн сомонӣ дар бар мегирад. То 1 июни соли равон, 169 лоиҳа ба маблағи умумии 4774,6 миллион сомонӣ ё 56,4 фоиз иҷро гардидааст.
Дар иҷлосия вакилон оид ба иҷрои ду барномаи номбаршуда ибрози назар намуда, оид ба ислоҳи камбудиҳои дар ин самт ошкоршуда таклифу пешниҳоди муфид намуданд.
Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дигар мушкилоти ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва ҳолати мелиоративӣ, саноат, энергетика, бонк, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, иттилоот, илм ва маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, танзим ва дин, инчунин оид ба дигар масъалаҳо сухан намуда, дар назди масъулин барои ҳалли онҳо дар кутоҳтарин муҳлат вазифа гузошт.
АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






