Дар Бонки миллии Тоҷикистон озмуни «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 01.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон озмуни «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор» ҷамъбаст гардид, ки дар номинатсияи «Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба бонувони соҳибкор» ҷойи якумро «Амонатбонк», зинаи дуюм ва сеюмро «Аввалин бонки молиявии хурд» ва «Саноатсодиротбонк» соҳиб гаштанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар номинатсияи «Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти ҷалби пасандозҳои бонувони соҳибкор» Ташкилоти амонатии қарзии хурди /ТАҚХ/ «Ҳумо» ҷойи якум, Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Фазо С» ва «Ориёнбонк» зинаи дуюм ва сеюмро ишғол намуданд. Аз рӯйи ҷамъбасти номинатсияи «Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи насб ва истифодаи воситаҳои электронии пардохт (POS-терминал ва QR-рамз) ба бонувони соҳибкор» ҷойи якумро «Бонки Эсхата», ҷойи дуюм ва сеюмро «Алиф Бонк» ва «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» соҳиб гаштанд. Дар номинатсияи «Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба дастгирии бонувони соҳибкор» зинаи аввал ба Бонки «Арванд» ва зинаҳои дуюму сеюм насиби Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Финка» ва «Имон интернешнл» гардид.
Ғолибони озмун бо ҷоизаю ҷомҳо, Диплом ва Ифтихорномаву Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
Озмун барои дарёфти ҷоизаи «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор» соли дуюм аст, ки дар доираи «Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025- Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» гузаронида мешавад.
Дар ҳамоиши ҷоизасупорӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иброз намуд, ки ҳадафи озмун таъмини иҷрои банди 32 «Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027», тавсеаи дастрасии соҳибкории бонувон ба захираҳои молиявии арзон ва дар маҷмуъ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии молиявӣ мебошад.
Инчунин барои саҳмгузорӣ дар рушди низоми бонкӣ ва иштироки фаъолона дар озмуни «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор» «Спитамен Бонк», «Коммерсбонки Тоҷикистон», «Тавҳидбонк», «Актив Бонк» ва «Бонки рушди Тоҷикистон» бо ифтихорномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон барои иштироки фаъолона дар озмун Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Фурӯз», «Матин», «Азизӣ-Молия», «Зудамал», «Ардо-капитал» ва «Сандуқ» бо Сипосномаи Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






