Дар Доғистон бар асари ҳамлаи террористӣ 15 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоишта кушта шуданд
ДУШАНБЕ, 24.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Доғистон беш аз 15 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоишта бар асари ҳамлаҳои мусаллаҳона кушта шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус роҳбари Доғистон Сергей Меликов иттиллоъ додааст.
«Зиёда аз 15 корманди милиса, ки сулҳу оромии Доғистонро ҳимоят мекарданд, бар асари ҳамлаи террористии рӯзи якшанбе кушта шуданд», — гуфт ӯ дар видеое, ки дар шабакаи Telegram нашр шуд.
Ба гуфтаи ӯ, дар Доғистон шаш террорист маҳв карда шуд, мақомот муайян намудани маконҳои пинҳонии ҷангҷӯёнро, ки аз ҷумла дар хориҷи мамлакат тайёрӣ дида буданд, идома медиҳанд.
Дар робита ба ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Махачқалъа ва Дарбент дар қаламрави Доғистон мотами серӯза эълон шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






